Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 29 июл, ба Ибодулло Абдуллоев — маъюби гурӯҳи якум, истиқоматкунандаи деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, кумаки яквақтаинаи маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, картошка, пиёз, биринҷ, макарон ва аробачаи маъюбӣ расонида шуд.
Таъкид гардид, ки чунин ашхос зери назорати ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ибодулло Абдуллоев қабл аз беморӣ дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда доштааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ низ тасмим гирифтааст, ки ба афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд, аз ҷумла хонаводаи Ибодулло Абдуллоев пайваста кумак расонанд.