Дар ин давраи бағоят ҳассос, ки вабои коронавирус на танҳо дар Тоҷикистони биҳиштосои мо, балки дар тамоми ҷаҳон доман паҳн намуда, ҷони миллионҳо нафарро дар хатар гузоштааст, анҷом додани амалҳои хайру савоб, дастгирии табақаҳои ниёзманд, бахусус дар паҳлуи давлату Ҳукумати мамлакат қарор гирифтани соҳибкорони бонангу номус, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ қобили таҳсин мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳбарияти бозори “Ҳоҷӣ Шариф” барои расонидани кумак ба 465 оилаи табибони вилоят изҳори миннатдории бепоён мекунад.

Аз ҷониби хонаводаи Соҳибовҳо дастрас шудани маводи озуқа, аз ҷумла орду равғану биринҷ ва ғайра, ба 130 оила дар Кӯлоб, 185 табиби Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов, 60 оила дар Данғара, 60 хонавода дар ноҳияи Кӯшониён, 30 оилаи табибон дар ноҳияи Вахш амали ҳимматбаландона ва ҷавонмардона арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин, муҳайё намудани маводи муҳофизатӣ, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба беморхонаҳои вилоят низ амри саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, дар ин марҳилаҳои ҳассос мо бояд дасти якдигарро гирем, кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш насозем, баръакс, дар ин шабу рӯзҳо ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.

Масъулони бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ҳамчун соҳибкорони бонангу номус ва ватандӯсту саховатпеша дар ин кори хайр мисли ҳарвақта пешсафу намуна ҳастанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон