Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва роҳи тамадунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта,  расму оинҳои он рамзҳое дорад, ки аз замонҳои бостон то имрӯз рӯзгори мардуми хатлониро ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамраҳӣ мекунад. Дар ин айём бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимон ва аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва саҳмгузоштан дар корҳои ободгарона аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор меравад. Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи  байналмилалӣ ба 10 нафар ҷавонони имконияташон маҳдуди ноҳияи Қубодиён аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба маблағи 200 сомонӣ ба ҳар кадоми онҳо ҳамчун туҳфаи Наврӯзӣ тақдим карда шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here