Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  (ҶҲАТ) илова ба кумакҳои ғайриғизоӣ, ки то кунун ба осебдидагони офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон тақсим шудааст, боз тасмим гирифт ба 72 оилае, ки хонаҳои худро дар ин ҳодисаи табиӣ пурра аз даст додаанд, ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) ёрии яквақта расонад. 

2 июни соли 2020 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 260 хоҷагии аз офати табиӣ  зарардидаи деҳаҳои Н.Асадулло ва 18-умин анҷумани ҳизби ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон маводи ғайрихӯрокӣ тақсим намуд. Кумаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо ширкати раиси вилояти Хатлон, намояндагони ваколатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран дар сомонаи худ дар бораи кумакҳо ба осебдидагони ҳодисаҳои табиӣ дар мамлакат гузориши муфассале интишор намуд. Ин созмон мегӯяд, ки 14-15 майи соли 2020 офати табиӣ ба хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони як қатор минтақаҳои мамлакат зарар расонид. Аз ин офати табиӣ асосан 338 хоҷагӣ дар ноҳияи Хуросон ва 6 хоҷагӣ дар шаҳри Ваҳдат осеби зиёд диданд.

Бо назардошти вазъ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар лоиҳаи Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (DREF)-ро тасдиқ намуд ва маблағҳои ҷудогардида аз ин Бунёд ва қисман аз захираҳои дохилии ҶҲАТ барои дастрас намудани маводи ғайрихӯрокӣ ба 338 оилаи осебдидаи ноҳияи Хуросон ва 6 оилаи осебдидаи шаҳри Ваҳдат пешбинӣ гаштанд.

Ин кумакҳо аз 344 бастаи маводи ғайрихӯрокворӣ, бистар, болишт, кампал, рахти хоб, бел, каланд, сатили пластикӣ, рӯйпӯши пластикӣ, 344 бастаҳои абзори ошхона, аз ҷумла, кафлез, обгардон, косаи калон, косаи хурд, қошуқ, чангак, дӯлча, ҷом ва 344 бастаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла сачоқ, собун, хамираи дандоншӯӣ, чӯткаи дандоншӯӣ, хокаи ҷомашӯӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, дезинфектант, маводи беҳдошти шахсии занона, уребча, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, қоғази ташноб ва ғайраҳо иборатанд.

Дар доираи кумакҳои мазкур ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кӯдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кумак расонида мешавад.

2 июни соли 2020 дар марҳилаи аввали тақсимоти кумаки мазкур ба 260 оилаи аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводи ғайрихӯрокӣ дастрас карда шуд. Марҳилаи дуюми тақсимот фарогирии боз 78 оилаи ниёзманди ноҳияи мазкурро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур ба 72 оилаи осебдидае, ки манзилҳояшон пурра зарар дидаанд, дастрас намудани кумакпулии яквақтина ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) пешбинӣ карда шудааст.

2 июни соли 2020 ҶҲАТ инчунин ба 6 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи кӯчаи Ғалабаи маркази шаҳри Ваҳдат маводи ғайрихӯрокӣ дастрас намуд, ки зимни тақсими он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.