Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 19 май, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шаш мошини борбари ҳомили маводи ғизоӣ ва антисептикӣ барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон расид.

Ба 300 хонаводаи зарардида аз офати табиӣ якхалтаӣ орд, биринҷ, равған, картошка, сабзӣ, пиёз, макарон, ҷамъ 55 тонна маҳсулоти ниёзи аввалия, инчунин ба аҳолӣ ва бунгоҳҳои тиббии маҳалли ҳодиса дастгоҳҳои ҳароратсанҷӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, айнакҳо, дастпӯшаку хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ, бахил ва сарпӯши тиббӣ, маҳлули антисептикӣ ва дигар маводи гигиенӣ тақдим карда шуд.
Маводи озуқа худи ҳамин рӯз дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва аъзои Ситоди бартарафкунии офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон ба ҳар як оила дастрас гардид.
Дар ин рӯз ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба хонаводаҳои зарардида маҷмӯи маводҳои гигиенӣ иборат аз 25 номгӯ, аз ҷумла чойник, сатил, намудҳои гуногуни собун, хокаи ҷомашӯӣ, крем барои кӯдакон, хамира ва чӯткаи дандоншӯӣ, чароғ, кӯрпаву болишт ва дигар лавозимоти рӯзгор тақдим гардид.
Ҷалолиддин Маҳмалиев, сокини деҳаи ба номи Неъматулло Асадулло, зимни суҳбат бо мо аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода барои ғамхорӣ нисбат ба осебдидагон изҳори сипос намуда, гуфт, ки тамоми ниҳодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар офати табиӣ шарики мардум буданд ва дар бартарафсозии оқибатҳои он ҳамаҷониба мусоидат мекунанд.
Дар “шаҳрчаи хаймаҳо”, ки он ҷо беш аз 30 хонавода муваққатан ҷой карда шудаанд, шабонарӯзӣ нуқтаи тиббӣ дар хизмати мардум қарор дошта, ходимони милитсия ва раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон бехатарии шаҳрвандонро дар маҳалли офатдида таъмин мекунанд.
Дар маҳалли вуқӯи ҳодиса ба хотири пешгирӣ аз пайдоиши бемориҳои сироятӣ мунтазам корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд. Тамоми шаҳрвандони зарардида бо маводи антисептикӣ ва се вақт бо таоми гарми ройгон таъмин гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки дирӯз раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Неъматулло Асадулло ва 18-ум анҷумани ҳизби Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, ки дар натиҷаи боридани борони сахт ва омадани сел осеб дидаанд, дидан намуданд.
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 14 ва 16 майи соли ҷорӣ аз ин офати табиӣ манзилҳои истиқоматию иншоотҳои ёрирасони хусусию ҷамъиятӣ ва заминҳои кишоварзӣ зери лою гил монда, дар деҳаҳои Пахтаобод ва Гулистон иншооти роҳдорию мелиоративӣ вайрону корношоям гардидаанд. Мутаассифона, офати табиӣ талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода бо сокинони аз офати табиӣ зарардида мулоқот ороста, зикр намуданд, ки тамоми хонаводаҳои аз манзили зист маҳрумгашта бо қитъаҳои замин дар маҳалли бехавф ва кумакҳои пулию молӣ таъмин хоҳанд шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз лаҳзаҳои аввали рух додани ҳодиса пайи расонидани кумаки ҳамаҷониба ба зарардидагон дастур дода, вазъро таҳти назорат қарор додаанд. Худи ҳамон рӯзи 14 май бо роҳбарии муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода дар маҳалли ҳодиса Ситоди бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон таъсис дода шуда, то имрӯз даҳҳо адад техника, инчунин садҳо нафар хизматчиёни ҳарбии КҲФ, ихтиёриён ба кори бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва барқарорсозии инфрасохтор машғуланд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо хонаводаҳои зарардида онҳоро ба таҳаммулпазирӣ, дастиҳамгирӣ, сарҷамъӣ даъват намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат ва давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ онҳоро бо мушкилоташон танҳо намегузоранд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон