26 -уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии соҳибкорону сармоягузорони муваффақ, роҳбарият ва масъулони соҳаи иқтисодиёт, раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муасссисаҳои вилоятӣ дар минтақа, роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ дар минтақа фаъолиятдошта, гурӯҳи соҳибкорон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

    Дар вохӯрӣ масъалаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, таҳти рақами №95 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди музокира пешниҳод гардид.

    Сипас, бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Раҷабалӣ Раҷабов ҳозиринро хайрамақдам гуфта, доир ба масъалаҳое, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ ирсол карда буданд, баргузории вохӯрии имрӯзаро ба ҳамин мақсад маънидод карданд.

    Аз ҷумла қайд карданд, ки Пешвои миллат саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон кард. Аз ин рӯ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ бояд боло бардошта шавад. Бо ҳамин мақсад имсол моҳи июн Форуми соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад. Дар баромади худ, инчунин, зикр намуд, ки алҳол дар вилоят 25873 нафар соҳибкорон бо патент ва 6085 нафар бо шаҳодатнома ва 67 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) фаъолият мекунанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2019, таҳти рақами №990 дар вилоят 511 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба мараторий фаро гирифта шудаанд. Дар вилоят шумораи корхонаҳои саноатӣ 542 ададро ташкил менамоянд ва дар соли 2018  корхонаю коргоҳҳои саноатӣ 74 адад бо 1001 ҷойи кории нав таъсис ёфт. Тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 6060 адад биною иншоот ва корҳои ободонию созандагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бештари онҳоро соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ менамоянд. Дар шаҳри Кӯлоб вазъи корхонаҳои саноатӣ ташвишовар буда, барқарорсозии онҳо таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

     Сипас, тибқи барномаи вохӯрӣ Муминзод Абдулмаҷид – муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба чорабинии дар пешистода Форуми соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад, вазифа ва ҳадафи амалии онро ба ҳозирин фаҳмонид.   
    Баъдан, Асадуллозода Изатулло –сардори Раёсати дастгирии соҳибкорӣ оид ба масъалаи «Муррифномаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300-рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан кард.  
     Исмоилзода Саймурод — муовини раиси шаҳри Кӯлоб доир ба «Нақша чорабинии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони иншоот ва бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла соҳибкорони чинӣ дар шаҳри Кӯлоб сухан кард.

    Ҳақназарзода Комилҷон – сардори Раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо оид ба масъалаи «Муаррифиномаи такмили қонунгузорӣ дар бахши танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои 300 рӯзи ислоҳот» баромад кард.

    Шерализода Шараф – роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ оид ба масъалаи «Муаррифиномаи баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави пешбурди соҳибкорӣ» маърӯза кард.

   Сипас, Нурулозода Изатулло – муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи «Муаррифиномаи суръат бахшидан ба рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ» маърӯза намуд. Қодиров Миралӣ – намояндаи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон доир ба «Рушди бахши хусусӣ ва муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, принсипу сохтори иттифоқ, ташкили бизнес ассосиатсияҳо» маърӯза кард.

     Дар охири вохӯрӣ аз тарафи соҳибкорони минтақавӣ саволҳо оид ба тарзи қарзгирӣ, муҳлати он, тартиби ҳуҷҷатҳо дода шуд. Аз тарафи масъулон ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

   Баъди танаффус, гурӯхӣ тадорукотӣ ҷаласа барпо намуда, оид ба амалӣ намудани Нақша чорабинии то имрӯз ба тарзи назариявӣ иҷрошударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Садри маҷлис, Муминзод Абдулмаҷид доир ба баргузории Форуми соҳибкорон, ки моҳи июн дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад, маълумоти мухтасар дода, оид ба амалӣ намудани ин чорабинии муҳим иҷроиши як қатор вазифаҳоро саривақтӣ шумурд ва то рӯзи муайяншуда масъулин онҳоро бояд иҷро намоянд.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here