Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили  ҳама давру замонҳо маҳсуб ёфта, мудом ин падидаи номатлуб монеъаи рушду инкишофи давлату ҷомеъаҳост.Мубориза бар зидди он ва ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикоррупсионӣ, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дониста мешавад. Дар ҳамин замина дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷамъомад баргузор гардид.

  Дар ҷамъомад қайд гардид, ки муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, имкон ҳаст то бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш дод. Ба хусус сарвари фурӯдгоҳи мазкур Алӣ Комилов зимни баёни андешаҳои худ арз намуд, ки  коррупсия аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии дилхоҳ кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа бетарафӣ зоҳир накарда, дар рушду нумуи ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here