Ноҳияи Данғара — маркази бузурги саноатию аграрии рушдёфта барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда буда, дороӣ инфрасохтори муосири иқтисодию иҷтимоӣ, хизматрасонии замонавӣ, бо шароити мусоид барои рушди соҳибкорони хурду миёна, сармоягузорӣ, фарҳангию сайёҳӣ, бо муҳити тозаи экологӣ мебошад ва дар он мардуми соҳибмаърифату солим кору зиндагӣ мекунанд.
Дар давраи аз соли 2000 то соли 2021 дар соҳаи саноати ноҳия тамоюлҳои мусбии рушд нигоҳ дошта шуда, суръати устувори рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид. Дар соли 2021 ин нишондиҳанда 215 баробар нисбат ба соли 2000 ва 245 фоиз дар қиёс ба соли 2016 афзоиш ёфтааст. Дар соли 2021 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 2,1 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000 ва 2015 мутаносибан 1,7 миллиард сомонӣ ва 1,3 млрд сомонӣ зиёд аст.
Таъсис ёфтани Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ба рушди ояндаи ноҳия мусоидат кард.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 33 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи онҳо ба 8 миллиону 945,6 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 445,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Аз оғози фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ҳаҷми сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 950 миллиону 100 ҳазор сомонӣ расидааст ва дар се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузории субъектҳои минтақа маблағи 55,0 млн сомониро ташкил медиҳад.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара асосан маҳсулотҳои сохтмонии ҷавобгуӣ ба стандартҳои байналмилалӣ аз ҷумла калсит, рангҳои сохтмонӣ, эмулсия, конструксияҳои оҳанин, қубурҳои пластики, хишти бинокорӣ ва моеъҳои зарфшӯӣ истеҳсол мешавад.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ҷиҳати ҷалби сармоягузории ватаниву хоричӣ имтиёзҳо дар соҳаи андоз ва гумрук пешбинӣ карда шуда, он дорои инфрасохтори мустақили худ мебошад.
Аз ҷумла, дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкории субъектҳо новобаста аз шакли моликият аз тамоми намуди андозҳое, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод мебошанд.
Субъектҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ нақши агентҳои андозро оид ба нигоҳдорӣ ва пардохт ба буҷет иҷро намуда, андозсупорандагони андоз аз даромад ва андози иҷтимоии шахсони воқеъии кормандони субъектони Минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Даромади бадастомада ё музди меҳнати сармоягузоронии хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, метавонанд ба хориҷи кишвар интиқол дода шаванд ва дар ин ҳол аз андоз озод мебошанд.
Молҳои дар худуди Минтақаи озоди иқтисодии ҷойгирбуда, хамчун моли берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки воридоти мол аз хориҷи кишвар бе пардохти боҷи воридотӣ ва андоз аз арзиши иловашуда андоз сурат гирад.
Воридоти молу маҳсулоти ватанӣ ва хориҷӣ, таҷҳизоти саноатӣ ва сохтмонӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии бидуни ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҷараён мегирад.
Ҳангоми интиқоли мол аз ҳудудиМинтақаи озоди иқтисодии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ситонида намешавад, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодидошта.
Ҳангоми интиқоли мол аз қаламрави Минтақаи озоди иқтисодии ба каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ ситонида намешавад, андоз аз арзиши иловашуда аз тарафи харидор пардохт карда мешавад.
Муайян намудани кишвари истеҳсолкунанда нисбат ба маҳсулоти истеҳсолшаванда дар Минтақаи озоди иқтисодиива воридоти он, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар карда мешавад.
Вобаста ба ин, дар нимсолаи аввали соли ҷори ба истифодадиҳии 4 адад корхонаи истеҳсоли дар Минтақаи озоди иқтисоди ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла оид ба истеҳсоли бомпӯшҳои сохтмонӣ ва битум, бандубасти равғанҳои автомобилӣ, бандубасти консерваҳо, нӯшобаҳо ва истеҳсоли салфеткаҳо, коркарди меваи хушк.
Дар ҳамин замина бояд гуфт, ки имрӯз дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо иштироки меҳмонон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” корхонаи бандубасти равғанҳои муҳаррики автомобилҳо ҶДММ «Пиштоз посоргад Тоҷикистон» мавриди истифода қарор гирифт.
Корхонаи бандубасти равғанҳои муҳаррики автомобилҳо дар ҳамкори бо сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Сидқӣ бунёд шудааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ 5 миллион доллари ИМА, пешбини гардидааст, ки ҳоло танҳо бандубасти равғанҳои автомобили пешбини шудааст. Масоҳати қитъаи замин 1,94 гектарро ташкилдода, барои 30 нафар ҷоӣ кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешбини гардидааст.
Ҳаҷми иетеҳсолот то 10 ҳазор тоннаро дар як сол ташкил медиҳад.