Корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 23 миллиону 925,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 18 миллиону 244,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин дар ин давра ба андозаи 2 миллиону 745,0 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ва 4231 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.

 Корҳои пудратии иҷрошуда аз тарафи ташкилотҳои сохтмонии ноҳия 2 миллиону 622,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, зиёд мебошад.

  Оид ба мунтазам роҳандозӣ намудани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳу пулҳо, иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳои ташкили ҳашарҳои вобаста ба бунёди иншооти иҷтимоӣ, сохтмони идораҳои маъмурӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот дар ноҳия чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here