Истиқлолияти кишвар барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони берун аз он ифитихори миллиаст. Бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз ҳамаи тоҷикони рӯи ҷаҳон соҳиби ватанӣ аҷдодии худ гардиданд. Аз ин хотир ин ҷашнро ҳама сола бе саброна интизор мешаванд.

 Дар арафаи ҷашни Истиқлолтят тамоми сокинону бошандагони кишвар омодагии ҳаматарафа дида корхонаю идораҳо ва кучаю манзилҳои хешро зебу зинати идона медиҳанд.

 Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти кишвар корҳои зиёди созандагию ободониро ба анҷом расонд.

 Колективи корхона ҳар рӯзи шанбе ба хотири ободу зебо гардондани атрофи корхона, роҳраву гулгаштҳоро ба тартиб оварда дар ободонии як гушаи шаҳр, саҳми худро гузоштанд.

 Ҳамчунин роҳбарияти корхона тасмим гирифт то ҷашни Истиқлолият бинои корхонаро аз таъмири косметитики баровардаву қуйборҳои обгузари атрофи корхона ва роҳҳои наздики онро таъмиру тармим намояд. Ҳамчунин утоқҳои кории кормандон низ аз таъмири ҷори бароварда шудаву тамоми шароит барои беҳтару сифатнок анҷом дордани вазифаҳои хизматии онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шуд.

 Роҳбарияти Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли дар вилояти Хатлон ва ҳайати кормандони он тамоми шаҳрвандони кишвар ва тоҷикони бурунмарзиро бо ин ҷашни пуршукуҳ таҳният гуфта, умед бар он дорем, ки ҳамаи мо аз як гиребон сар бароварда зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии ин марзу бум заҳмат хоҳем кашид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here