Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзҳои 14 то 17 августи соли 2018 дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Фархор, Восеъ ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳии инфиродӣ бо оилаҳо аз рӯи усули «Хона ба хона» гурӯҳи корӣ аз ҳисоби фаъолзанони шаҳру ноҳияҳои болозикр таъсис дода, дар шаҳри Кӯлоб дар Ҷамоатҳои деҳоти «Зиракӣ», «Зарбдор», «Кӯлоб», «Даҳана» дар 460 хона, дар ноҳияи Фархор дар деҳаҳои «Бунавша» ва «Бӯстон»-и Ҷамоати деҳоти «Дарқад» дар 340 хона, дар ноҳияи Восеъ дар деҳаҳои «Гулобод», «Восеъ ободи калон», «Восеъ ободи хурд» ва «Ҷавонӣ»-и Ҷамоати деҳоти ба номи «Абдӣ Авазов», деҳаҳои ба номи «Ҳасан Қурбон», «Қоқобод» ва «Навобод»-и Ҷамоати деҳоти «Тугарак» дар 280 хона сӯҳбату вохӯриҳо, дар 4 бозори шаҳру ноҳияҳои болозикр рейдҳо оид ба пешгирии бегонапарастии занону духтарон, инчунин дар шаҳри Кӯлоб дар терминали мусофиркашӣ, Марказҳои солимии репродуктивии минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Кӯлоб ва шуъбаи таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.