Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории CОVID-19 дар беморхонаҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда истодааст.

Бино ба иттилои Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, корҳои безараргардонӣ тибқи дастури Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ карда шуда истодааст.

“Корҳои поксозиро, новобаста аз он ки дар дорухонаҳо тамоми чораҳои беҳдоштӣ андешида шудааст, мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамаи ширкатҳои фармасевтӣ, дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшӣ ба анҷом расонида истодаанд. Зеро ба дорухонаҳо бештар афроди бемор даромаду баромад мекунанд ва онҳо бештар осебпазиранд”, – гуфт Маҳмадҷон Абдулқодирзода.

То ба имрӯз 27 май корҳои безараргардонӣ дар дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшии шаҳри Левакант, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Носири Хусрав пурра ба анҷом расидааст. Дар дигар шаҳру ноҳияҳо ин иқдом идома дорад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят