Рӯзи 5 апрели соли 2019 дар асоси ҷадвали тасдиқгардида оид ба гузаронидани суҳбату вохӯриҳо аз рӯи усули “Хона ба хона” бо мақсади фаҳмонидани моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, амалҳои номатлуб аз қабили худкушию худсӯзӣ дар байни бонувону духтарон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, риояи талаботҳои шаҳрдорӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмара аз ҳисоби гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Холмуродова М.- мудири бахши кор бо оилаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят-роҳбари гурӯҳ, Самиева С. — корманди Идораи телевизион ва радиои вилоят, Паҳлавонова Ҳ. — ходими шуъбаи адабиёт ва ҳунари рӯзномаи вилоятии «Хатлон», Турахонова З.- мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар бозори “Ҳоҷи Шариф”-и шаҳри Бохтар бо зиёда аз 60 нафар занону духтарони фурӯшанда ва сехҳои дӯзандагии “Азиза”, “Руҳангез”, “Чилдухтарон”, “Маърифат”, “Суман”, “Меҳрангез” ва дар бозори “Фаровон” оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида вохӯрию суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here