Номаи шодошии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Конститутсия ҳамчун санади муҳимтарини ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии ҳар як давлат буда, мувофиқи хусусияти сиёсии худ ҳуҷҷати ҷозибаноки муттаҳид ва сафарбаркунандаи тамоми мардум аст. Конститутсия дар ҳама давру замон таҷассумгари арзишҳои миллии давлату миллат мебошад.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 на ҳамчун як ҳуҷҷати расмии ҳуқуқӣ, балки чун Қонуни асосии кишвар, санади созишии байни манфиатҳои гуногуни дар ҷомеа мавҷудбуда қабул гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз намудаанд: “Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум низоми давлатдориро муайян ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро таъмин намуда, он нахустин Қонуни асосии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкории Аврупо яке аз панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои узви ин ташкилоти муътабари байналмилалӣ эътироф гардидааст ва ба арзишҳои башарӣ такя намуда, дорои як силсила хусусиятҳои хос мебошад. Яке аз бобҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодӣ, вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, дар ҷомеа мавқею манзалати инсон дар сатҳи баланд муқаррар гардидааст. Воқеан ҳам, Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум, низоми давлатдорӣ буда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.

Мо хуб дар ёд дорем, ки солҳои 1991-1992 кишвари моро буҳрони конститутсионӣ фаро гирифт ва ин вазъ боиси риоя нашудани талаботҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ фалаҷшавии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид. Ин ҳолат ба он оварда расонид, ки бесарусомониҳо ва муқовимати шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст ва ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ омада расид, ки тоҷик дар ду сангар бар зидди ҳамдигар оташ мекушод. Хушбахтона, қувваҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кӯтоҳ бар зидди талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, неруҳои дохилии тундрав ва доираҳои муайяни  манфиатдори хориҷӣ, зери шиори ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид ва аз тарафи вакилони халқ мавзӯи ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир масъалагузорӣ шуд.

Дар раванди баргузории иҷлосия аз 23 масъалаи муҳими рӯз, яке аз онҳо интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ба бахти миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омад, ки таъмини сулҳу субот, ба ҳам овардани миллат яке аз ҳадафҳои олии ин шахси бузург буд. Аз рӯзи ба мансаби волои Сарвари давлат интихоб шуданаш ин сиёсатмадори нотакрор гомҳои нахустини худро дар роҳи истиқрори сулҳ гузошт. Ҳамин тариқ, бо ғолиб омадани ақли солим, дар ин Иҷлосияи тақдирсоз Ҳукумати конститутсионӣ барқарор шуд.

Бо ташаббус ва ибтикори Роҳбари нави давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав дубора оғоз гардида, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Он дастовардҳое, ки дар 25 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардид, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хираду заковати азими миллати тоҷик мебошад. Пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ислоҳоти ҳуқуқӣ оғоз шуд ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқуқии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад, қабул гардиданд.

Дар муддати 25 сол ба мо муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард, асли озодии виҷдону эътиқод ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшем.Тавре Конститутсияи кишвар муайян кардааст, дар Тоҷикистон ҳаёти сиёсӣ дар асоси гуногунфикрӣ ҷараён гирифта, шаҳрвандон метавонанд дар заминаи мавқеи сиёсӣ ва фикрии худ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ таъсис намоянд.

Қонуни асосӣ пойдевори сохтори конститутсионӣ ва муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи демократии кишвари азизамонро муайян намуда, барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва бунёди давлатдории навин заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошт ва вазъи муътадили сиёсӣ, амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин сохт.

Шукрона аз он бояд кард, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари мустаҳкам гардидани сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ, дар вилоятамон сол то сол корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъат пайдо намуда,  даҳҳо мактабу муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ барқарор ва аз нав сохта шуданд. Ҳар яки моро зарур аст, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намоем, ҳуқуқҳои худро донем ва нагузорем, ки касе онҳоро сарфи назар намояд, чунки донистани қонун ва зистан дар доираи қонун, дар ҷамъият  ниҳоят муҳим мебошад.

Аз ин рӯ, вазифаи мақомотҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳамаи фаъолони солимфикри вилоятамон аз он иборат аст, ки дар густариши маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, хулоса таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳмгузор бошанд. Зеро, танҳо бо ҳамин роҳ мо дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз карда, комёбиҳои худро дар бунёди ҷомеаи демократӣ минбаъд таҳким бахшида, роҳи худро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин идома дода метавонем.

Шуморо ба ифтихори 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамаатон дар кори ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон пешрафту пирӯзиҳо, ба ҳар як хонадони мардуми вилоят ободиву осудагӣ ва рӯзгори пурсаодатро орзу менамоям.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here