Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И. Сомонӣ” бахшида ба солгарди Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И. Сомонӣ” Салимов Нурулло ва шоир Лутфи Хомуш хузур доштанд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ роҳбари ташкилоти ибтидоӣ Салимов Нурулло ҳусни оғоз бахшид. Сипас, дар назди хозирини Валиева Саъбагул – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар бораи Конститутсия ҳарф зада, кайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рохнамоӣ давлати сохибистиқлол дар рушду ободӣ ва оромии кишвар нақши муассир дорад.
Зимни баромади худ шоир Лутфи Хомуш ҳозиринро солгарди навбатии қабули Конститутсияи Тоҷикистони озодро, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини давраи истиқлолият мебошад ва ба шарофати татбиқи пайгиронаи он ҷомеаи мо дар оғози марҳилаи сифатан тозаи таърихӣ устуворона қадам мегузорад, табрик намуд.
Дар идома ба аъзои нави ҲХДТ дар фазои тантанавӣ билеҳои ҳизбӣ суборида шуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ қироати шеъру сурудҳо дар васфи Тоҷикистон аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” сароида шуд.