Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳакимобод” бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

  Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳр Исмоилзода Саидмурод ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва сухаронӣ намуданд.

  Ҳозирин ба навбат баромад намуда, қайд карданд, ки конститутсия, ки дар худ орзуву ормони чандинасраи халқи моро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, бунёди давлативу ҳуқуқбунёд, суботи сиёсӣ, таҳкими ғояҳои инсодӯстона дар тафаккури ҷомеа ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои  байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.

  Аз ин рӯ таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба ҳисоб меравад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here