Аз 26-уми сентябр то 7-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшава конфронси солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масъалаҳои ҳуқуқи башар ва меъёрҳои демократӣ баргузор шуд. Дар он мисли солҳои гузашта ҳайатҳои гуногун аз давлатҳои узви ин созмон ва гурўҳҳои сиёсию ҷамъиятӣ аз ин кишварҳо иштирок намуданд.

Акнун, ки ин чорабинӣ ҷамъбаст шудааст, метавон дар бораи баъзе хусусият ва натиҷаҳои он хулосагирӣ намуд:
1. Мувофиқи анъанаи бавуҷудомада, Конфронси солонаи САҲА дар масъалаҳои ҳуқуқи башар ва рушди демократия бояд яке аз муҳимтарин чорабиниҳои ин ташкилот буда, барои рушди ҳуқуқи башар, озодии виҷдон ва демократия дар фазои ин ташкилоти як вақтҳо бонуфӯзи байналхалқӣ мусоидати ҳамаҷониба намояд. Аммо аз сабаби он, ки дар солҳои охир худи САҲА ҳамчун ташкилоти байналхалқӣ мавқеи худро қариб пурра аз даст додааст, ҳоло як қатор давлатҳои узв ва кишварҳои ҳамкор аз иштирок дар ин ҳамоиш даст кашида, дигар ба он ҳайатҳои худро намефиристанд. Ба таври мисол, давлатҳое чун Туркия, Россия, Сербия, Словакия, Озарбойҷон, Ўзбекистон, Тоҷикистон, Албания ва ѓайра дигар тамоюле барои иштирок дар кори форумҳои ин ташкилот зоҳир намекунанд. Аз ин сабаб, акнун Конфронси солонаи САҲА оид ба ҳуқуқӣ башар ва рушди демократия низ ҳамчун худи ин созмон таъсири худро аз даст дода, бе иштироки бахши муҳимме аз давлатҳои аъзои САҲА баргузор мешавад. Ин аст, ки ин чорабинӣ дигар қариб ҳеҷ эътибор, эҳтиром ва таъсиргузорие барои кишварҳои узви САҲА надорад.
2. Иштирок накардани ҳайатҳои расмӣ аз давлатҳои узви созмон ва ба таври зарурӣ баррасӣ нашудани масъалаҳои рўзномаи конфронс боис шудааст, ки ташкилкунандагони форум ба он шахсиятҳо ва гурўҳҳои гуногуни ҳуввияташон номаълумро бо номи “намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ” аз кишварҳои гуногун даъват намоянд. Ин шахсу гурўҳу созмонҳо низ на аз худи ин кишварҳо, балки асосан аз ҳисоби гурезаҳо ва муҳоҷирону паноҳандагони сиёсӣ, ки дар худи Аврупо зиндагӣ мекунанд, интихоб мешаванд. Нақши асосии ин даъватшудагон дар он аст, ки толору курсиҳои чорабинии шикастхўрдаро пур карда, зоҳиран онро ҳамчун форуми баргузоршуда ҷилва диҳанд. Танҳо дар ҳамон сурат ташкилкунандагон метавонанд чорабиниро баргузоршуда эълон намуда, миллионҳо доллари ҷудошуда барои онро аз худ намоянд.
Аммо дар ин масъала, хатогии асосии САҲА дар он аст, ки аъзо ва муассисони САҲА маҳз давлатҳои узв мебошанд ва маҳз иштироки расмии ҳайатҳои расмии давлатҳои узв ба кори конфронс расмият ва қонуният мебахшад. Бинобар ин, ба хотири пур кардани толорҳо аз кўчаю майдон ҷалб намудани шахсу доираҳои номаълуму ѓайрирасмӣ ҳаргиз наметавонад машруият ё расмияти конфронсро таъмин намояд. Аз ин сабаб, бе иштироки давлатҳои узв расмияту қонунияти қарору тавсияҳои қабулкардаи ин конфронс низ пурра зери савол мебошад.
Аз ин рў, пешбинӣ мешавад, ки солҳои наздик ё чорчўби ин конфронс таѓйир меёбад ва ё дар худи САҲА ислоҳоти амиқ пеш меояд. Вагарна идомаи фаъолияти ин созмон, ё идомаи узвияти як силсила давлатҳо дар фаъолияти он маънои худро аз даст медиҳад.
Илова бар он, ки дар кори конфронси САҲА шахсони номаълум аз номи “ташкилотиҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ” иштирок ва суханронӣ менамоянд, инчунин солҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки афроди ҷинояткор, ифротгаро ва таҳти таъқиби байналмилалӣ қарордошта дар нишастҳо даъват мешаванд. Яке аз омилҳои дигари коста шудани мавқеи байналмилалии САҲА ҳамчун созмон маҳз ҳамин аст. Давлатҳои узви САҲА бо назардошти чунин иштибоҳоти мудирони кунунии созмон дигар ба кори он эътимод надоранд ва ҷаласаҳои онро шаффоф ва беғараз арзёбӣ намекунанд. Дар кори конфрони САҲА иштирок накардани Русия, Туркия, Ӯзбекситон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ба омили болозикр рабт дорад. Масалан, дар нишасти имсола созмонҳои экстремистиву террористии “Гурӯҳи 24”, “ТТЭ ҲНИ” ва дигар ташкилотҳои ифротгаро иштирок намуданд, ки тибқи Оинномаи САҲА натанҳо ширкати онҳо, балки ҳама гуна тамос бо онҳо мумкин нест.
3. Дар айни замон, шеваи кории ин конфронси як вақтҳо бонуфўз низ комилан таѓйир ёфта, дар он дигар муҳокимаи воқеии масъалаҳои мавҷуда дар миёни хайатҳои намояндаи давлатҳои узви ташкилот сурат намегирад. Таҷрибаи панҷ-шаш соли охир нишон медиҳад, ки чорчўби конфронс дигар барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои рўзномаи он умуман муносиб нест. Зеро, дар кори он гурўҳу шахсиятҳои бисёр гуногуни ҳувияташон номаълум бо ҳимояи давлатҳои бонуфўз, аз ҷумла ИМА ва баъзе давлатҳои аврупоӣ, минбари асосиро ба даст гирифта, онро ба саҳнаи баҳсу муборизаи сиёсӣ табдил додаанд. Яъне, дар асл, “конфронси Варшава” ба як форуми сиёсии гурўҳҳои дастнишондаи ѓарбӣ ва мухолифони давлатҳои узви худи ин ташкилот табдил шудааст. Ин аст, ки он моҳияти худро ҳамчун нишасти солонаи кишварҳои узви ин созмон пурра аз даст додааст.
4. Ба таври мушаххас, вақте ки давлати Тоҷикистон бо доштани таҷриба ва маълумоти дақиқ дар бораи моҳияти сиёсӣ ва ѓайривоқеии конфронси ҳуқуқи башари САҲА аз иштирок дар он худдорӣ намуд, ташкилкунандагони ин чорабинӣ даҳҳо нафар аз тоҷикони сокини кишварҳои ѓарбиро ҳамчун “намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон” ба ин ҳамоиш даъват намуданд. Ба ин тартиб, дар нишасти мазкур намояндагони ТЭТ “ҲНИТ”, ТЭТ “Гурӯҳи 24”, ТЭТ “Паймони миллӣ” ва як силсила ташкилотҳои номаълум аз номи Тоҷикистон сухан ронда, манфиатҳои сиёсии худ ва даъваткунандагони худро баён карданд.
Бо мақсади зиёд нишон додани шахсу ташкилотҳои намояндаи “ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон” аъзоёни ташкилоти манъшудаи ТЭТ ҲНИ ҳар се-чор нафарашонро ҳамчун ташкилоти алоҳида муаррифӣ карда, дар кори конфронс номнавис кардаанд. Дар натиҷа дида шуд, ки ҳамон аъзоёни ҳизби наҳзат бо номҳои намояндагони “Паймони миллӣ”, “Кумитаи дифоъ аз зиндониёни сиёсӣ”, “Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи тоҷикони муқими Аврупо”, “Маркази журналистони тоҷик дар хориҷа”, “Кумитаи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо”, “Бунёди Б.Ёров”, “Маркази тоҷикон дар Вена” ва ѓайра худро ба қайд гирифта, дар конфронс баромад карданд. Албатта, аз як мазмун иборат будани баромади ҳамаи ин “иштирокчиён” аз як ҳизбу як идора будани онҳоро ба таври возеҳ нишон медод.
Барои шахси ноогоҳ дар аввал чунин менамояд, ки дар асл дар конфронси Варшава шояд ҳудуди 10 ташкилоти сиёсию ҷамъиятии тоҷикони муқими Аврупо ширкат доштанд, аммо агар ба шахсу ҳувияти иштироккунандагон нигарем, зуд маълум мешавад, ки дар асл ҳамаи онҳо ҳамон аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва фарзанду ҷияну домоду хешу табори онҳо мебошанд, ки бо ному ниқобҳои гуногун дар ин чорабинӣ иштирок кардаанд. Масалан, дар конфронси имсола Раиси ТЭТ ҲНИ бо зану фарзанд ва домоду бародарзодаю амакбачаҳояш иштирок намуда, ҳар яке аз номи як ташкилоти алоҳидаи ба ном “ҷомеаи шаҳрвандӣ” суханронӣ намуданд.
5. Дар натиҷа, таҳлили таркиби иштирокчиёни конфронси имсолаи САҲА нишон дод, ки калонтарин ҳайати иштирокчӣ дар онро маҳз наҳзатиёни тоҷик ташкил додаанд. Теъдоди онҳо дар конфронс ҳудуди 50 нафарро ташкил кардааст, ки барои рўпўшии ин ҳолат худро ҳамчун намяндагони қариб 10 ташкилоти гуногун муаррифӣ кардаанд. Ин як намуди афера ё найранги бузурги наҳзатиҳост, ки дар ин конфронс амалӣ шудааст.
Як сабаби дигари чунин таваҷҷуҳ ва иштироки оилавӣ ва коллективонаи наҳзатиён дар конфронси САҲА дар он аст, ки дар доираи ин чорабинӣ иштирокчиён се вақт бо чою қаҳваи гарм, кулчақанду шириниҳои босифат ва як маротиба бо хўроки гарм таъмин карда мешаванд. Обу шарбату нўшобаҳо бошанд, беҳисоб тақсим мешаванд. Бинобар ин, номнавис кардан ва “иштирок” дар ин конференсия барои наҳзатиён пеш аз ҳама маънои ду ҳафта бепул шудани чою қаҳваю хўроки гарм мебошад. Барои ин оворагону паноҳандагон ин як фурсати муҳим аст. Ин буд, ки дар канори роҳбарони мухолифон фарзандону домодҳою ҷиянҳою набераҳошон низ дида мешуданд. Аксари онҳо баромад надоштанд, балки дар сафи қаҳваю хўрок фаъолона ба мушоҳида мерасиданд.
6. Аммо саҳнаи аз ҳама мудҳиштарини конфронси САҲА саҳнаҳои хиёнату ватанфурўшии мухолифини тоҷик буд. Онҳо бо камоли бешармӣ дар ҳузури намояндагони кишварҳои гуногун бо тамоми қувва ватан, миллат ва давлати худро паст мезаданду сиёҳ мекарданд. Онҳо ҳатто дар ин кор байни худ мусобиқа мекарданд, ки кӣ ватанро бо маҳорати бештар сиёҳ мекунад.
Дар баромадҳои онҳо ҳеҷ сухане дар бораи обдонию созандагӣ ва сулҳу суботи бемисл дар Тоҷикистон набуд. Балки мехостанд, ки ватани моро ҳамчун нуктаи сиёҳи дунё ва кишвари зулму истибдод муаррифӣ намоянд. Зеро шарти иштирокашон дар ин конфронс маҳз ҳамин буд. Хоҷагони онҳо маҳз ба ҳамин шарт ба онҳо пули билет, пули меҳмонхона ва пули хўрокро бо доллару евро ҳисоб карда дода буданд.
7. Наҳзатиён илова бар ин ки ба ватану миллати худ хиёнат намуданд, ҳамзамон дар нишаст дуруғҳои бузург ва бемислро баён доштанд. Чун ҳамеша тамоми андешаронии доираҳои наҳзатӣ пур аз дуруғ ва ҳарфҳои беасос буд. Як нуктаи аҷиб, ки солҳои охир зеҳнҳои коршиносонро ба худ ҷалб намудааст, ин аст, ки чаро нишастҳои САҲА ба майдоне табдил ёфтааст, ки ҳар гурӯҳе ҳарчи хост ҳамонро мегуяд? Воқеан яке аз сабабҳо манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрати манфиатдор аст ва сабаби дигар беҳувиятиву фурухташудани гурӯҳҳои террористӣ аст. Доираҳои наҳзатӣ ва бистучорӣ барои ба даст овардани маблағ дар соли 2023 ҷиҳати идомаи фаъолияти ифротии худ дар конфронс ҳамаи дуруғҳои яксолаашонро баён доштанд.
8. Нуктаи дигаре, ки бори дигар хиёнаткор, ҷудоиандоз ва лоиҳаи давлатҳои абарқудрат будани наҳзатиёну бистучориёнро собит намуд, ин ба таври нодуруст ва ғалат шарҳ додани ҳодисаҳои Бадахшон буд. Дар баромадҳои онҳо ҳамон андешаҳое, ки солҳои 90-ум садо медоданд, эҳсос мегардад. Наҳзатиён миллати тоҷикро ба қисматҳо тақсим намуда, кӯшиш намуданд, ки афкори ҷаҳониро дар нисбати ҳодисаҳои Бадахшон ба гумроҳӣ баранд. Бадахшонро ҳамчун аққалияти миллӣ нишон доданӣ шуданд, ки ин як ҷинояти бузург ва хиёнати нобахшиданӣ аст. Мардуми Бадахшон ҷузъи ҷудонашавандаи миллати тоҷик мебошанд ва ҳеҷ аққалияте дар масъалаи Бадахшон ҷой надорад. Таърих ва воқеият собит менамояд ва мардуми Бадахшон низ инро тасдиқ менамоянд.
Албатта таърихи сиёсии Тоҷикистон огоҳ аст, ки доираҳои наҳзатӣ ҳамеша кӯшиш намудаанд, ки миллати тоҷикро тақсим намуда, давлатро ноором созанд. Сулҳу субот ва ваҳдати миллиро халалдор созанд. Онҳо як маротиба бо чунин тавтеа ва ғараз тавонистанд, ки миллатро ноором сохта давлатро ба ҷангӣ шаҳрвандӣ кашанд. Имрӯз наметавонанд, ки ин ҳадафи нопоки худро амалӣ созанд. Зеро дар кишвар тули солҳо ваҳдати миллӣ фарогир гардида, андешаи миллӣ рушд кардааст. Миллати тоҷик дӯст ва душмани худро медонад.
9. Таҳлил ва хулосагирии суханронии доираҳои наҳзатиён нишон медиҳад, ки мавқеъгирӣ ва мулоҳизаву суханрониҳои онҳо хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст. Онҳо барои сарпаноҳ ёфтан дар Аврупо манфиатҳои миллиро фурухта, дар нисбати давлату миллат дар назди хориҷиён ҳарфҳои беасосу туҳматҳо баён доштанд. Ин бори дигар хиёнаткору фурухташуда, экстремисту террорист ва бозичаи давлатҳои абарқудрат будани онҳоро нишон дод.
Ба ин маъно, зидди ватану миллати худ баромад кардан, давлату кишвари худро сиёҳ кардан на танҳо ҷузъи вазифаи онҳо, балки ҷузъе аз тиҷорати онҳо буд. Ин ватанфурўшӣ зиндагии онҳо, нони онҳо, ҷойи хоби онҳо ва ҳуқуқи боз ягон соли дигар дар Аврупо зиндагӣ кардани онҳоро таъмин мекунад. Моҳияти хиёнат ба ватан низ дар ҳамин ҷост.
Аммо онҳо ҳаргиз дарк намекунанд, ки он намояндагони кишварҳои аврупоӣ, ки ба суханҳои онон қарсак мезаданд, на дўстони онҳо ва на дўстони ватану миллати онҳо нестанд. Балки онҳо аз он хушию кафкўбӣ мекарданд, ки тарҳашон амалӣ шуда истодааст, гурўҳи дастнишондаашон ба онҳо садоқати баланд нишон дода истодааст, мухолифини тоҷикро ҳамчун бозича ба муқобили ватану миллати худашон истифода карда тавониста истодаанд. Онҳо бо хурсандӣ тасаввур мекунанд, ки чи тавр дар марҳилаҳои оянда Тоҷикистони орому осударо ба дасти ин гурўҳи ватанфурўш вайрон мекунанд.
Аммо ин тасаввуру боварияшон хатои бузург аст. Ин гурўҳи худфурўхта дар Тоҷикистон ҳеҷ ҷойу ҷойгоҳе надоранд. Мардуми Тоҷикистон ҳиллаву тазвири онҳоро хуб медонанд ва дубора ба доми онҳо намеафтанд. Тоҷикистон роҳи устувори худро дар самти ваҳдату созандагӣ давом медиҳад. Аммо ин саҳнаҳои хиёнату ватанфурўшии наҳзатиён чун доѓи сиёҳ дар саҳифаи таърих хоҳанд монд.

Девонсолори Сайф,
таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ