Наврӯз бренди миллии сайёҳӣ! Дар ноҳияи Данғара бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи руҳди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кофренсияи вилоятӣ Брендикунонии Наврӯз таҳти унвони “Наврӯз бренди миллии сайёҳӣ” баргузор карда шуд.
Дар конфренсияи мазкур донишҷӯёни дар риштаи сайёҳӣ таҳсилдота, ширкатҳо ва масъулини соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат намуданд.
Қабл аз оғози кори конфренсия меҳмонон аз ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳои донишҷӯён дидан намуда, ба масъулин баҳои баланд доданд.
Сипас, маърузаҳо аз тарафи масъулин, намояндагони ширкатҳои сайҳӣ ва устодону донишҷӯён шунида шуд.
Баъди хотима ёфтани конфренсия тибқихатсайри таъсиснамудаи масъулин, меҳмонон аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Данғара дидан намуданд.