Тавре иттло дода будем имрӯз дар дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон» дар ҳамкори бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид. Дар кори конфронс саравал Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода оиди ба Иҷлосияи тақдирсоз ба сухан баромада қайд намуд, ки дар охири асри ХХ тундбоди рашку кин ба сари халқи тоҷик рехт ва дар ин сангар барои баҳамоӣ, сарҷамъӣ, сулҳу ваҳдат шахсияте лозим буд, ки хирад, заковат, андешаи бикрро раҳнамоӣ намояд.
Иҷлосияи XVI — ҷаласаи қисмат, дар амнтарин минтақаи ҷумҳурӣ – Суғди бостонӣ ба ин асос гузошта, вакилони мардумиро сарҷамъ намуд. Дар ин Иҷлосияи сарнавиштсоз, ки ҳар нафас фазои сиёсӣ дигаргун мешуд, вакилон ба хулосае омаданд, ки маҳз дар ҳамин марҳилаи тақдирсози давлатсозӣ намояндаи мардумиро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни халқ интихоб намоянд.
Намояндагону даъватшудагон бо умеди оромию осоиштагии ватани бо ҷон баробарамон, бо рӯҳияи сулҳсозӣ ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф оварданд. Дар он анҷумани қисмат — Иҷлосияи сарнавиштсоз, ки ҳушу ёди мардум ба он равона буд, халқ хостори шунидани садои гӯшнавоз оштии миллӣ ва сулҳу осоиш буд. Бо ҳамон ниятҳои нек аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри бошукӯҳи Арбоб, шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилон, ҷонибдорони ҳокимияти конститутсионӣ ва мухолифин доир гардид. Дар чунин вазъияти сангин мақсади баргузории иҷлосия пирӯзии ақли солим буд. Дарёфти чеҳраҳои нави сиёсӣ, барқарории сулҳу суботи сартосарии кишвар ниҳоят зарур буд ва ин масъалаи мубраму аввалиндараҷа пешорӯи вакилон меистод. Дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ гурӯҳе аз оламиён бо нияти нек ва зумрае бо чашми ғараз раванди иҷлосияро назорат мекарданд ва ҳар кадоме андешаҳояшонро дар расонаҳои хабарӣ пахшу нашр менамуданд.
Намояндагони халқ аз воқеаҳои баамаломада огоҳу бо чашми сар ҳолатҳои даҳшатафзоро дида буданд, масъулияти вакилиашон онҳоро намегузошт, ки ба одитарин хато роҳ диҳанд, зеро хурдтарин иштибоҳ метавонист боиси нофаҳмиҳои зиёд гардад. Масъулият, ки доштанд, дар ҳалли масъалаҳо фаъолона иштирок ва бо дилу нияти пок ҳукумати қонуниро интихоб намуданд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия қарору қонунҳое қабул карда шуданд, ки барои таъмини минбаъдаи сулҳи фарогир дар ватани азизамон заминаи боэътимод гузошт.
Шукри иқболи баланд, ки Офаридгор Пешвои миллатро ба рӯйи курсии давлатдорӣ нишонд. Нахустин сухани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ман ба шумо сулҳ меорам”, то ҷаҳон боқист, дар гӯши оламиён садо медиҳад. Чун Тоҷикистони азиз қадамҳои нахустинро дар ҷодаи истиқлолият мегузошт ва дар он давр тавоноии сиёсиву мудофиавии иқтисодию иҷтимоии давлат фалаҷ гардидаву қавӣ набуд, танҳо иродаи матин ва садоқати ватандӯстии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иттиҳоду ҳамбастагии халқи Тоҷикистон буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба сулҳу ваҳдати комил расидем ва зиндагӣ ба маҷрои созанда баргашт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо тадбирҳои хирадмандона, матонату ҷасорати фавқулода ва зиракии сиёсии худ кишварро аз панҷаи боди фано раҳо кунанд ва ғурбатзадаҳоро ба ватан баргардонида, хуршеди сулҳу ваҳдат бо ибтикори ин фарзона фарзанди миллат дар осмони Тоҷикистони азиз нурафшонӣ намуд.
Халқи тоҷик аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашта, ба воситаи андешаҳои поку машварат ба сулҳу ваҳдат расид ва дар ин Иҷлосияи шуҳратафзо ҳама он 23 масъалае, ки пешниҳод шуда буд, ҳаллу фасли худро ёфта, ҳокимияти қонунӣ ба фаъолияти худ оғоз бахшид. Яке аз масъалаҳои муҳим — эҳё намудани собиқ вилояти Хатлон маҳз дар ҳамин Иҷлосия матраҳ шуд ва 2 декабри соли 1992, таҳти рақами 755, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси вилояти Хатлон” ба тасвиб расид.
Дар давраи баъди Иҷлосияи тақдирсоз бо ҳидояту заҳматкатҳои шабонарӯзии Пешвои миллат гурезаҳо, ки аксари куллашон аз вилояти Хатлон буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Мардуми заҳматнописанди вилоят аз иқдомҳои Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба барқароркунии хонаву дари худ, меҳнати осоишта машғул гардиданд.
Раванди сулҳофарии Пешвои миллат дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт. То даст ёфтан ба санади сулҳу ба он имзо гузоштан, яъне ба «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ», мушкилию монеаҳо ва қувваҳое арзи ҳастӣ доштанд, ки ба касе итоат намекарданд. Гурӯҳе аз бадхоҳон худро марбут ба қувваҳои мухолифин медонистанд, гурӯҳи дигар барои бадном кардани ҳукумат ҳар кори бади аз дасташон меомадаро ба сомон мерасониданд.
Онҳо ба хотири ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар ва дар қалби ҳамватанонамон коштани тухми тарсу ҳарос амалҳои зиёновару ғайриинсониро ба анҷом мерасониданд. Вале ягон бадкирдору бадсиришт ба мақсади нопоки худ нарасид ва оқибат онҳо подоши амалҳои зишти худро диданд.
Дар он лаҳзаҳои сарнавиштсоз ҳушу ёди мардум ба раванди музокирот ва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» буд. Амалҳои хирадмандонаи Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, талошу бедорхобиҳояшон, бетарсу ҳарос рафтанашон ба назди мухолифини саропо бо яроқҳои замонавӣ мусаллаҳ аз шуҷоату далерӣ ва мардонагии Ӯ гувоҳӣ медод. Ҳар дидору вохӯриашон бо кадом табақае, ки набошад, миёни мардум ҳамовозиро ба амал оварда, ба суди халқу ватан меанҷомид. Раиси Шӯрои Олӣ дар яке аз суханрониҳояшон ба мардум муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад.
Коршиносони масоили сиёсии дунё, ҷомеашиносон, намояндагони Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, мамлакатҳои дӯсту ҳамсоя, ки бевосита шоҳиди раванди музокироти сулҳи мо будаанд, гуфтушунидҳои бамавриду самараоварро ба интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷавонмарди бонангу номуси миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат медоданд, ки баҳои додаи онҳо сад дар сад ҳақиқати бебаҳс аст. Ҳар як вохӯрию дидорбиние, ки Раиси Шӯрои Олӣ аз самими қалб ва бо як меҳри беандозаву пок доир менамуданд, писанди ҳамагон буд. Тарсу ҳарос барояшон вуҷуд надошт. Пешвои миллат аз садҳо хатарҳо гузаштанд, қасди ҷисму ҷонашонро карданд, наҳаросиданд, ба пеш рафтанд, ҷон дар каф ба назди ҳамватанони бурунмарзӣ рафтанд. Онҳоро аз самими қалб барои бозгашт ба ватани аҷдодиашон таклиф карданд. Қавлу амалашон, ки ҳамсафари ҷониашон аст, ҳамеша ба аҳди додаашон вафодору содиқ боқӣ мемонанд.
Ниҳоят азизтарин, фарҳбахштарин рӯз барои халқи Тоҷикистони азиз, рӯзи таърихию тақдирсози 27-уми июни соли 1997, ки дар шаҳри Москва ҳуҷҷати сарнавиштсоз — Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯйдоди фараҳафзо ҳамчун ид, ҳамчун рӯзи пирӯзии бахт ва тантанаи ҳақиқат буд. Ҳамасола ба истиқболи ин рӯзи неку шоиста садҳо корхонаҳои хурду бузург, варзишгоҳҳо, иншотҳои фарҳангию маишӣ, роҳу шоҳроҳ, донишгоҳҳо бунёд гардида, мавриди истифода қарор мегирад.
Илми сиёсатшиносӣ собит кардааст, ки моҳият ва нақши асосии сарвари сиёсӣ дар раванди қабули қарори сиёсӣ муайян мегардад. Муҳимтарин қарорҳои сиёсӣ дар ҳаёти одамон нақши ҳалкунанда мебозанд ва самти инкишофи ҳаёти одамони зиёдеро таѓйир медиҳанд. Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон дод, ки фаъолияти сарвари сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақдири сокинони кишвар такони ҷиддие ворид сохт.
Обрӯю эътибори баланди Ҷаноби Олӣ ҳамчун Арбоби барҷастаи сиёсию давлатӣ натанҳо дар миёни халқи Тоҷикистон раднопазир аст, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯро ҳамчун чеҳраи намоёни арсаи сиёсат, сиёсатмадори номдору тавоно, бунёдгузор ва кафили сулҳу салоҳ дар минтақа шинохтаву эътироф ва арҷгузорӣ мекунад. Аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ Пешвои асри XXI эълон гардидани Роҳбари давлати Тоҷикистон далели возеҳи шахсияти мондагори сатҳи ҷаҳонӣ будани Пешвои миллат аст, ки аз ин мо — тоҷикон ифтихормандем.
Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу амният, бунёди низоми давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, амалисозии ҳадафу ормонҳои миллӣ, аз ҷумла раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, гомҳои устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии кишвар, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ беназир буда, мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба даст гирифтан то ба имрӯз дар атрофи Пешвои муаззами худ сарҷамъу муттаҳид буданд ва садоқатмандона аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат пуштибонӣ мекунанд.
Ҳазамон дар кори конфронс Ғайбулло Афзалов, Адолат Раҳмонова, Шамсов Амирхон, ки иштирокчӣ ва шоҳидони Иҷлосияи тақдирсоз буданд, ки аз давраҳои мудиҳиши солҳои ҷанги шаҳрвадӣ, ба даст омадани сулҳу субот бо далерию шуҷоатмандии Пешвои муаззами миллат, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрони намуданд. Инчунин дар конфронс ректорони Донишгоҳи давлатии ноҳияи Данѓара ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ суханрони намуданд. Бояд гуфт, ки ҳамарӯза дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба Иҷлосияи XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронсу мизҳои мудаввар баргузор гардида истодаанд.