Дар толори китобхонаи оммавии вилояти Хатлон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят конференсияи илмӣ-амалии рӯзноманигорони Хатлон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — падидаи нодири даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид, ки дар он матбуотчиён, аҳли эҷоди телевизиону радио ва зииёну фаъолон иштирок намуданд.

Кори ҳамоишро муовири раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, нақши рӯзноманигоронро дар таҳкими сулҳу субот ва рушди рӯзафзуни кишвар муҳим арзёбӣ кард.
Сипас, собиқадори матбуот Боймурод Саидалиев дар мавзӯъҳои «Фаъолияти ВАО-и Хатлон дар даврони ҷанги таҳмилӣ», «Нақши Пешвои миллат дар рушди матбуоти тоҷик», Сафаралӣ Бозорзода оид ба «Саҳми ТВ Кӯлоб дар барқарории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ва Дилором Маҳкамова, мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи Бохтар дар мавзӯъи «Инъикоси воқеъбинонаи Ваҳдати миллӣ дар журналистикаи муосир» маъруза хонданд.
Ҳамчунин зимни ҷамъомад рӯзноманигорон доир ба «Ифшои манфури наҳзатиҳо дар матбуоти даврии вилояти Хатлон» сухан рафта, миёни иштирокчиёни ҳамоиш муболилаи афкор сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки саҳми эҷодкорон махсусан журналистони худогоҳу ватанпарвар бо иншои матолиби созанда дар тинҷию амонии сартосарӣ бориз аст. Аммо дар ин баробар муассифона қаламбадастоне низ дар ҷамъият ҷой доранд, ки бо нигоштаҳои иғвоангезонаю сӯзанда оммаро ба роҳи каҷ бурда, ҷавононро ба анҷом додани амалҳои ношоиста таҳрик медиҳанд.