Имрӯз аз тарафи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилоят дар якҷояги бо Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар ва муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят Конференсияи Шӯрои гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила гузаронида шуд.
Ҳамзамон, иштирокчиёни Конференсия аз Маркази дастгирии занон “Ѓамхорӣ” (паногоҳ) дар шаҳри Бохтар ва ҳуҷраи машваратӣ бо зӯроварон дар шаҳри Левакант дидан намуданд.