Дар шаҳри Бохтар конференсияи 9-уми Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар кори конференсия Рустам Латифзода — раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Умед  Зоҳирзода – узви раёсати ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон, Шодӣ Мусозода — раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Зайниддин Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, инчунин беш аз 50 вакили даъватшуда аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд.

Пас аз интихоби раёсати конфронс раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шодӣ Мусозода доир ба фаъолияти кумитаи иҷроия аз моҳи декабри соли 2014 то декабри соли 2019 ҳисобот дод.

Зикр шуд, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти умумимиллии сиёсӣ дар сафҳои худ деҳқонони сарбаланди кишвар, кормандони муассисаву ташкилотҳои хизматрасонӣ, комплекси агросаноатӣ, намояндагони зиёиёни деҳот, олимону донишҷӯён, истиқоматкунандагони шаҳру деҳот, касонеро, ки ояндаи соҳаи кишоварзӣ барояшон азизу гиромӣ аст, муттаҳҳид месозад.

Дар вилояти Хатлон Ҳизби аграрии Тоҷикистон 17404 нафар аъзо, аз он ҷумла 6766 нафар занонро муттаҳид мекунад. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкилотҳои ибтидоии ҳизб фаъолият мекунанд. Фаъолияти ҳамаи онҳо барои амалӣ намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, аз ҷумла сиёсати давлатии аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаю қарорҳои ҳизб равона гардидааст.

Таъкид шуд, ки фаъолияти Ҳизби аграри Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамзамон ба ҷалби аъзоёни нав ба сафи он равона карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ, аз анҷумани 6-ум то анҷумани 7-уми ҳизб, 740 нафар ба узвияти ҲАТ қабул карда шудаанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here