Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и шаҳри Душанбе бо ташабуси лоиҳаи ЮСАИД муарифии китоб дар аксҳо ва чорабинии ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ВАО «Агробизнес дар Тоҷикистон:талош барои рушд» баргузор гардид. Дар ин чорабини китоби аксҳо Авалинҳо: 15 зани шуҷоъ, ки ба занони соҳибкори вилояти Хатлон ба шумор мерафт аз чоп баромада ба онҳо тақдим карда шуд. Ин фаъолияти занони соҳибкорро журналистони вилояти Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ба навор гирифта ба озмуни эълон намудаи Лоиҳаи ЮСАИД зери унвони «Агробизнес дар Тоҷикистон:талош барои рушд» пешниҳод намудаанд, ки рӯзноманигорони вилояти Хатлон ва дигар журналистон соҳиби телефони мобили гардиданд. Бояд гуфт, ки дар ин чорабини меҳмонон бештар ба фаъолияти занони вилояти Хатлон, 15 занони шуҷои вилоят ва журналистон сухан мегуфтанд, ки ин ифтихори мардуми вилояти Хатлон мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамзамон дар ин чорабини Хонум Лилия Твердун, Роҳбари Лоиҳаи ЮСАИД оид ба рақобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон дар пешрафти занони соҳибкори вилояти Хатлон, ҳамкориҳои зичи бонувони вилояти Хатлон бо Лоиҳаи Юсаид суханҳои нек гуфта гузаштанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ин 15 зани мувафақ ва шуҷои вилояти Хатлонро, ки муарифгари вилояти Хатлон ба шумор меравад ва дар баробари 15 зани шуҷоъ дигар соҳибкорони вилояти Хатлонро табрик менамояд.