Имсол барои кишоварзони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳавои мусоид барои киштукори баҳорӣ омад. Кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки дар 5600 га кишти пахта мегузаронанд. Инчунин, дар 470 га. — кишти полезӣ, 4792 га. — ғалладонагӣ (аз ин миқдор 4287 га.-гандум, боқӣ ҷав), 170 га. — лубиёгӣ, 120 га. — ҷуворимакка, 15 га. — шолӣ, 6058 га. -зироати техникӣ кишт карда мешавад. Ҳар рӯз дар 400-420 га. замин кишти пахта шуда истодааст. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки то рӯзи 15-уми апрел кишти пахтаро ба анҷом мерасонанд. Аллакай, кишти полезии тарбуз зери плёнка ба анҷом расонида шудааст.
Дар ҷамоати деҳоти «Панҷрӯд» айни ҳол 410 хоҷагии деҳқонӣ ба фаъолият машғул ҳастанд. Тибқи нақшаи имсола дар майдони 750 га. кишти пахтамегузаронанд. Дар мавсими имсола 8 трактори тухмипошак ва 10 трактори шудгоркунанда сафарбар карда шудаанд. Хоҷагиҳои деҳқонии «Шуҳрат», «Сурӯши Аюб», «Умеди Мирзоамин», «Сорбони Буҳрон» аллакай киштро ба анҷом расонидаанд.
Чи тавре ки кишоварзи ҷамоати деҳоти «Панҷрӯд» Ҷаббор Собиров иброз кард, дар ҷамоати мазкур 25 га.- кишти полезӣ, 39 га.- пиёз, 10 га.- картошка, 19 га. – помидор ва 7 га. – бодиринг кишт карда шудааст. Кишти пиёзу картошка ба анҷом расонида шуда, кишти дигар навъи полезиҳо идома дорад.