Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷумлаи он ноҳияҳоест, ки ҳамасола дар иҷрои нақшаи кишти такрории зироатҳо, пешсафу намуна маҳсуб меёбад. Деҳқонони ноҳияи мазкур дар маъракаи имсола низ, тавассути андешидани тадбиру чораҳои саривақтӣ, ба он ноил шуданд, ки зиёда аз 4000 гектар заминҳои ғалларо хушсифат даравида, дар 1200 гектари он  полезиҳо, маккаи дон, пахта ва дигар зироатҳоро кишт намоянд.Онҳо ният доранд, ки майдони кишти такрориро ба 5613 гектар расонда, аз он ҳосили дилхоҳ ба каф оваранд.

 Мо кӯшиш мекунем, ки кишти такрориро то таърихи 5-уми июл ба анҷом расонем ва дар баробари он талош хоҳем намуд, ки аз нақшаи дурнамо дар ҳаҷми 320 гектар зиёд кишт намоем,- гуфтанд сардори идораи кишоварзии ноҳия Маҳдизода.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here