Дар дар хоҷагии деҳқонии «Сабз»-и ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб киштукори пунбадона аз аввали моҳи апрел оғоз карда шуд ва то ба имрӯз идома дорад. Кишоварзони ҷамоат тибқи нақшаи дурнамои имсола уҳдадор гардиданд, ки то ба нимаи дуюми моҳи мазкур кишти пунбадонрао бояд то ба 800 га. иҷро намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки хоҷагиии деҳқонии «Сабз» аслан ба тухмипарварӣ машғул аст. То ба имрӯз 250 га. киштукори баҳорӣ карда шудааст. Аз ин миқдор дар 156 га.кишти 3 навъи пахта кишт карда шудааст. Чи тавре ки сарвари хоҷагии тухмипарварӣ Нуралӣ Шарифов иброз кард, дар хоҷагии онҳо навъҳои серҳосили «Хатлон», «65-30», «Сабз» парвариш карда мешавад ва онҳо ба минтақаи Кӯлоб мутобиқ мебошанд. Дар хоҷагии деҳқонӣ 3 техникаи тухмипошак ва 3 трактори шудгоркунанда ба киштукор омодаанд.