Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 тонна кумаки озуқаворӣ ва беҳдоштиро бо арзиши 33 ҳазор евро ба ноҳияҳои Шаҳритузу Айнӣ таҳвил дод.

Кумаки башардӯстона дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба оилаҳои осебпазир тақсим карда шуд. Дар ноҳияи Шаҳритуз 3000 оилаи дорои узви маъюб маҷмӯи беҳдошти шахсӣ иборат аз ниқобу собуни моеъ ва маҳлули безараргардонӣ дарёфт намуданд. Аз миёни оилаҳои манфиатбаранда 700 хонаводаи камбизоат дар Шаҳритуз илова бар маҷмӯи беҳдоштӣ, инчунин бастаи озуқавории дорои орду равған, шакару макарон, биринҷу намак ва гӯгирд дастрас намуданд.

Ҳамчун чораи эҳтиётӣ, 70 корманди тавонбахшӣ ва ризокор дар Шаҳритуз, ки ба раванди тақсимот ҷалб гардида, минбаъд низ кори худро бо шахсони дорои маъюбият дар давраи пандемияи COVID-19 идома медиҳанд, бо маҷмӯи муҳофизатии шахсӣ иборат аз ниқобу дастпӯшакҳои якккарата ва маҳлули безараргардониву сачоқчаҳои намнок таъмин карда шуданд.  Ин амали хайрия бо мақсади эмин нигоҳ доштани оилаҳои осебпазир, алалхусус шахсони дорои маъюбият аз сирояти коронавирус анҷом дода шуд.