Кӯлоб ҳарчанд таърихи беш аз 2700 — сола дорад, ба назар шаҳри хеле ҷавон менамояд. Иншооти нави маъмуриву истиқоматӣ, корхонаҳои саноативу муассисаҳои фарҳангӣ, меҳмонхонаву боғҳои фароғатӣ, майдону гулгаштҳои мунаққашу зебои он далели ин гуфтаҳоянд. Яъне, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби созандагиву бунёдкориро барои ин гӯшаи бостонии диёр ҳам беандоза нисор кардааст. Мардуми сарбаланду худшиносаш имрӯз бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи Ватан, боз ҳам пайи ободиву созандагӣ буда, ҷиҳати расидан ба уфуқҳои тозаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заҳмату талоши дучанд менамоянд.
— Барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Дар доираи ин ҳамкориҳо бо мақсади таъмини деҳаҳои Даҳана, Чинор, Зиракӣ ва Хоҷа Исҳоқ бо оби нӯшокӣ лоиҳаҳо таҳия гардида, татбиқи онҳо бомаром ҷараён дорад. Ҳамчунин, аз ин ҳисоб дар деҳоти Даҳана сохтмони сардхона, коргоҳи бандубасти сабзавот ва 24 нуқтаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардид, ки дар онҳо 54 нафар бо ҷои кор таъмин хоҳад шуд, — изҳор дошт раиси шаҳр Хайрулло Амонулло.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорони меҳандӯсти маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, ба ин васила ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, бо саҳми онҳо ба маблағи 9,5 миллион сомонӣ 2 коргоҳи дӯзандагӣ, корхонаи ордбарорӣ, мағоза, ошхона, марказҳои хизматрасонӣ ва хонаи истиқоматии шашошёна сохта шуда, бунёди боз 25 корхонаи саноатӣ, 34 марказу нуқтаҳои савдо ва 26 муассисаи хизматрасонӣ бомаром идома дорад.
Саноат соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба рушди он диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳамин аст, ки теъдоди зиёди коргоҳҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, истеҳсоли хишт ва дару тирезаҳои пластикӣ таъсис ёфта, сохтмони боз 25 коргоҳу корхонаҳои нав идома дорад. Дар натиҷаи андешидани чунин тадбирҳо, солҳои охир истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд шуданд.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ дастовардҳо назаррасанд ва деҳқонони меҳнатқарини Кӯлоб соли сипаришуда ҳосили фаровони ғалладонагӣ, сабзавот, пахта, картошка ва полизӣ рӯёнданд. Ҳамин буд, ки дар баробари таъмини бозорҳои минтақа ва ҷумҳурӣ, ба хориҷи кишвар 800 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд. Ба ҷуз ин, бо мақсади афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, дар ҷодаи истифодаи самараноки замин, воситаҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ислоҳот бо маром идома дорад.
Соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб босуръат рушд меёбад. Масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 80,35 гектарро ташкил дода, аз ҳисоби хоҷагиҳои моҳипарвар соли 2018 ба бозорҳои кишвар 105 тонна моҳӣ бароварда шудааст, ки нисбати соли 2017-ум 1,1 тонна бештар мебошад. Ҳамзамон, ҷиҳати бунёди ҳавзҳои нав боз 76 гектар замин ҷудо гардида, сохтмони онҳо оғоз шудааст.
Ҳолати роҳҳо зери назорати доимии масъулон қарор дорад ва бо мақсади нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳо аз буҷети маҳаллӣ 339 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 19 километр роҳҳои байниноҳиявӣ ва 13,2 километр роҳҳои дохилишаҳрӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Аз ҷониби соҳибкорон бошад, 1,4 км роҳ асфалтпӯш ва 3,3 км таъмир гашт.
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза касб кардаанд. Тавре раиси шаҳр Хайрулло Амонулло иброз дошт, то имрӯз 7 иншоот, аз ҷумла меҳмонхона, маркази хизматрасонӣ, муассисаи томактабӣ, толори пӯшидаи варзиш ва 10 синфхонаи иловагӣ сохта шуд. Ҳоло бошад, эъмори боз 128 иншооти нав, аз ҷумла 4 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тиббӣ, 6 иншооти варзиш ва 5 хонаи истиқоматӣ идома дорад.
Бахтовар КАРИМ,
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”