ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон зиёда аз ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар- занону кӯдакон, донишҷӯёнро бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷ ба ҷумҳурӣ баргардонид. Дар ин бора дирӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» дар Душанбе изҳор доштанд.

«Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххасе, ки Ҳукумати Тоҷикистон андешид, беш аз 230 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, ҳамчунин зиёда аз 1 ҳазор донишҷӯён <…> бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз хориҷ ба Ватан баргардонида шуданд»,-зикр намуданд Президент. Ба гуфтаи Сарвари давлат, имрӯз ин нафарон дар марҳилаи офиятбахшӣ ва барқарорсозӣ қарор дошта, кумак дар амалӣ гардонидани ин вазифаҳо аз ҷониби шарикони Тоҷикистон оид ба рушд мерасад.

Конфронс дар Душанбе аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати СММ оид ба мубориза бо терроризм, Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо ташкил шудааст.

Дар конфронс вазирон, намояндагони кишварҳои узви СММ, сохторҳои СММ, ташкилоти байналхалқӣ ва минтақавӣ, институтҳои ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, коршиносон оид ба амнияти сарҳадӣ иштирок доранд. Аз рӯи натиҷаҳо Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва бартараф намудани ҳаракати террористҳо қабул карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»