Интизор меравад, ки шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 ба даҳ миллион нафар расад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар, ки ин лаҳзаҳо дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Сомон» ҷараён дорад, зикр намуданд.

   Бояд тазаккур дод, ки алҳол шумораи аҳолии Тоҷикистон 9,1 миллион нафарро ташкил дода, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат то 29, 5 фоиз коҳиш ёфтааст. Инчунин Пешвои миллат баён доштанд, ки соли равон дар ҷумҳурӣ 350 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам шудааст.

   Дар ин росто, Сарвари давлат бо дахли баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеаи кишвар афзуданд, ки бояд ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва дар заминаи он таъмини зиндагии шоиста ба аҳолии мамлакат аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here