Имрӯз дар толори конфронсии Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» дар асоси нақша чорабиниҳои оммавии Китобхонаи вилоятӣ оиди нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии Агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» намоиши васеи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «ПУРНУР ЭЙ ШАҲЧАРОҒИ, РАҲНАМОИ МИЛЛАТ» ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки онҳо баёнгари воқеъии фаъолияти бунёдкорона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ободию гул-гулшукуфоии Ватани азизамон мебошанд. Инчунин дар толори хониши сӯҳбат бо хонандагони фаъоли китобхона таҳти унвони «Неругоҳи «Роғун» барои садсолаҳо сохта мешаванд» баргузор гардид.
Зимни сӯҳбат ёдовар гардид, ки бунёди НБО-и Роғун имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон ба калонтарин бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ мубаддал мегардад ва хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҳамеша нурафшон хоҳад гардид.