Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум рӯзи 25 декабри соли 2020, соати 900 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин даъват карда мешавад:
- Ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2020.
- Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2019 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2021.
- Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2021.
- Ҳисоботи раиси Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ “Доир ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 30 сентябри соли 2020, №71 “Дар бораи рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 23 июни соли 2020, №38 “Рафти амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
- Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии А.Ҷомӣ №64 , Норак №10 ва таъин намудани интихобот.
- Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии А.Ҷомӣ №64 ва Норак №10.
- Масъалаҳои ҷорӣ.