Ба диққати  вакилони Маҷлиси

  вакилони халқи вилояти Хатлон

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум рӯзи 23 июни соли 2020, соати 800 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:

  1. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2016, №257 “Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоят.
  2. Рафти амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
  3. Ҳисоботи сардорони раёсатҳои назорати давлатии энергетикӣ дар минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №29 “Дар бораи сарфаҷӯии энергия” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
  4. Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54, Ҳамадонӣ №50, Ховалинг №61 ва таъин намудани интихобот.
  5. Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54, Ҳамадонӣ №50 ва Ховалинг №61.
  6. Масъалаҳои ҷорӣ.

                                                                           Шуъбаи ташкилии дастгоҳи

                                                                               раиси вилояти Хатлон