Ба диққати  вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Рӯзи 30 сентябри соли 2019, соати 900 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:

1. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 декабри соли 2016, №253 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

2. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри соли 2016, №261 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

3. Ҳисоботи сардори раёсати зиддиинҳисорӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқии истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

4. Масъалаҳои ҷорӣ.                                                                         

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here