Дар давраи тайёри барои ҷашнгирии “Иди Наврӯз” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони соҳаи кимиё, нафт ва саноати маҳалии вилоят 2 феврали соли 2019 Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи соҳа таҳсис дода шуд.

Вакилони конфронс ва намояндагони ташкилоту кормандони соҳа ин иқдомро хуш пазируфта якдилона мақомоти роҳбарикунандаи Кумитаи навтаъсисро интихоб карданд ва изҳори боварӣ карданд, ки дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳодшуда ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ба роҳ монда дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегии гузошташуда, саноатикунонидани ватанамон саҳми босазо гузошта дар ин росто ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашони соҳаро таъмин менамояд, иттилоъ дод Раҳмоналӣ Давлатов аз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон

Ва манбаъ таъкид намуд, ки Кумита барои дар сатҳи оли ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти кишвари азизамон ва ба комёбиҳои назаррас ноил гардидан дар байни саноатчиён ва аъзоёни иттифоқи касаба дастуру супоришҳои Ҷаноби Олиро тарғибу ташвиқ намуда саҳми худро дар пешрафти соҳа мегузоранд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here