Бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон» ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 рўзи 22 майи соли 2018 бо ибтикори раёсатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Раҷабов Раҷабалӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ва намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ ва дастовардҳои касбомўзони филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон»-и шаҳру ноҳияҳои вилоят дар даврони истиқлолият доир гардид. Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мирзоев Д. сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Навруззода А. сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилоят Абдулозода Ф. ва масъулини 182 ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, ба мизоҷон 2517 ҷойҳои кории холии худро пешниҳод намуданд.
Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод зиёда аз ҳазор нафар ҷавонону занон ва шаҳрвандони корҷўи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд, ки аз онҳо 233 нафар соҳиби роҳхат ба ҷойи кор гардида, 368 нафар шаҳрвандони бекасб дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ тариқи ройгон барои омўзиши касби дилхоҳ дар марказҳои дахлдор номнавис гардиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми чор моҳи сипаригардидаи соли 2018 аз ҷониби раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 100 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод доир карда шудааст, ки дар онҳо беш аз 1047 корхона, ташкилоту ва муассисаҳо ва хоҷагиҳои гуногуни вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, барои бекорон 9850 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озоди худро пешниҳод намуданд. Тавассути чорабиниҳои доиркардашуда 1219 нафар мизоҷон ба ҷойҳои кор роҳхат гирифта, аз ҷумла 1024 нафарашон (428 нафар занон ва 516 нафар ҷавонон) соҳиби ҷойҳои кори доимӣ гардида, зиёда аз 1000 нафар ҷавонон тариқи ройгон ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.
Дар умум дар чор моҳи соли равон тавассути баргузории чунин чорабиниҳо 3158 нафар шаҳрвандон ба шуғл фаро гирифта шуданд.