Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сироятӣ” хониши сиёсӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор карда шуд.
Зимни он раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сироятӣ” Шокиров Абдукарим баромад намуда, изҳор кард, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар ҷаҳони муосир ҳифзи асолати фарҳангию миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад, ки мавҷуяти маънавии ҳар халҷу миллат аз он вобаста аст. Дар ҷаҳони муосир неру ва ниҳодҳое мавҷуданд, ки ба хотири расидан ба мақсадҳои ғаразноки ҷангу ифродгароӣ, терроризм ва радикализми диниро тарғибу ташвиқ мекунанд ва бо ҳар роҳ онҳоро дастгирӣ менамоянд. Аз ин рӯ бо ибораи дигар, худшиносии миллӣ на танҳо маълумот, балки пос доштани таъриху фарҳанг, расму оин, забону ҳунар, дин ва дигар арзишҳои таърихиву фарҳангист.