Якчанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Норак, Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин дар рӯзҳои аввали моҳи апрел нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро пурра ба иҷро расониданд. Ноҳияҳои Балҷувони Ховалинг дар арафаи иҷрои ин уҳдадорӣ қарор доранд.

Дар ин бора имрӯз, 3 апрел раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ дар маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ, ки дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар доир гардид, мужда доданд.

Раиси вилоят ҳимояи марзу буми меҳан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро рисолати ҳар як фарди бедордил хонда, ҷавонони даъватшавандаро давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагон, ворисони асили сарзамини аждодӣ ва пайравони Пешвои муаззами миллат номид.

Зикр гардид, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гардидани «Рӯзи даъватшаванда» чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангию маърифатӣ ва ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон идома доранд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо сабақи мардонагию шуҷоатмандиро аз ин мактаб омӯзанд, зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ ва далерӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ҷавонони мо бояд сабақи ватандӯстиву худшиносиро дар пайравӣ ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳифзи содиқонаи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолият мавриди омӯзиш қарор дода, барои ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тамоми неру ва дониши худро сарф намоянд.

Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, раиси вилоят ба ҳамаи онҳо дар адои ин рисолати пуршараф саломатӣ, хушбахтӣ, ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи ҳифзи Ватани азизамон барору муваффақият орзу намуданд.

Ҳамин тавр, аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба 700 нафар ҷавонони даъватшаванда аз шаҳру навоҳии вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Пас аз маросими кулчагазон дар варзишгоҳ намоиши рангини ҳунарӣ бо суруду таронаҳои дилошӯби тараннумкунандаи Ватан-модар ва сулҳу ваҳдати миллӣ буд, манзури ҷамъомадагон гардид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон