Дирӯз истироҳатгоҳи хонандагони макотиби шаҳру деҳоти Кӯлоб, ки дар як гӯшаи зебои  мавзеи Лангари ноҳияи Мӯъминобод қарор гирифтааст, ба фаъолияти хеш оғоз намуд.Дар назар аст, ки истироҳатгоҳи мазкур дар  се давр, яъне   дар ҳар даври он 130 нафарӣ фаъолият карда, дар маҷмуъ беш аз 400 нафар хонандагон дар мавсими тобистон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

  Дар ташкили фаъолияти  истироҳатгоҳ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва иттифоқҳои касабаи шаҳру деҳоти он  аз нигоҳи пулию молӣ кӯмак карда, ҳамаи шароити буду боши мактабиёнро фароҳам оварданд,- гуфтанд дар суҳбат корманди шӯъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Аврангзеб Акрамов.  

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here