Левакант. бахшида ба 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муасссисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Левакант конфиренсияи илмӣ — адабӣ баргузор гардид. Дар конфиренсия омузгорон ва хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.

 Омӯзгорон Алихонов Сафарбек, Бозоров Муҳаммад, Толибова Фазила ва Абдуллоева Давлатмоҳ дар мавзӯъҳои «Истиқлолият-дастоварди бузурги миллат», «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби мо», «Рушди Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият», «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол» маърӯзаҳои ҷолиби диққат пешниҳод намуданд.

 Қайд карда шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ, озодию ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими Ваҳдати Миллӣ ҳамчун ҷашни миллӣ бо таври хосса истиқбол мегирем. Маҳз андешаҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сулҳу субот барқарор гардид. Бинобар ин Истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик аз тамоми арзишҳои дигар азизу мақаддас аст.

 Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳаваскорони муассисаҳои таълимии шаҳр намоиши адабию фарҳангиро пешкаши иштирокчиёни конференсия гардониданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here