Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид ба он доранд, ки қобилияти зеҳнии насли имрӯзаро ба донишандӯзӣ, махсусан, бо забонҳои русӣ ва англисӣ, интихоби касбу ҳунар, омӯзиши технологияи муосир равона созем.
Вобаста ба ин кормандони муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои мазкур 15 феврали соли 2019 озмуни китобдорони китобхонаҳои вилоятӣ ва китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Кӯлобро дар мавзӯи «Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо» бахшида ба «Рӯзи компютерчиён” баргузор намуданд.
Мақсади баргузории озмун аз он иборат буд, ки савияи дониши китобдорони имрӯзаро баҳри рушд ва аз бар намудани илму технологияи муосир равона намуда, қобилияти касбиашонро нисбати азхуднамоии он баланд бардоранд.
Ба иштирокчиёни озмун дар ибтидо аз ҷониби ҳайати комиссия пешниҳод гарида буд, ки китобдоронро зарур аст, ки сомонаҳои расмии худро таъсис дода, дар ҳайати худ китобхонаҳои электрониро ба роҳ монанд.
Дар оғози баргузории озмун директори китобхона суханронӣ намуда, қайд намуд, ки “мо китобдоронро мебояд, ки ҳарчи бештар адабиёти мафҳуми иттилоотидоштаро аз бар намуда, савияи дониши хешро нисбати омӯзиши технологияи коммуникатсионӣ пурзӯр намуда, баҳри равнақи ҷомеаи иттилоотӣ мусоидат намоем”.
Дар ҷамъбасти озмун Абдуллоева Фирӯза-китобдори китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб-сазовори ҷойи якум, Раҳмонова Назокат -китобдори китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб, Одилов Абдусаттор – саркитобдори китобхона (филиали №8-и ҷамоати деҳоти Даҳана) -сазовори ҷойи дуюм ва Сафарова Зикамо китобдори китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб – сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Инчунин иштирокчиёни фаъоли озмунро директори муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Обидов Саймуҳаммад бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.