Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Кӯшониён имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҳавлии истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол” Обид Юсупов дидан намуд.
Обид Юсупов бо вуҷуди он ки касбаш барқчӣ аст, 0,27 гектар замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода бурда, дар он 6 гармхона ташкил намудааст. Имсол аз ҳосили якуми бодиринг ба маблағи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ ба фурӯш баровардааст.
Номбурда дар аснои суҳбат бо раиси вилоят маълумот дод, ки айни замон дар гармхонаҳо ҳосили дуюми бодиринг ва помидор нашъунамои хуб дошта, барои таъмини бозор бо ин навъи сабзавот омода гардидааст. Дар як гармхонаи дигар бодиринг кишт намудааст, ки аллакай дубарга шудаанд.
Ҳамчунин дар замини наздиҳавлигӣ помидор, қаланфури булғорӣ, боимҷон, лубиё, маккаи дон ва дигар намуди сабзавот ва дар қисмати дигари замини наздиҳавлигӣ боғча бо фарогирии дарахтони шафтолу, анҷир, хурмо барои аҳли оила парвариш менамоянд.
Дар оила барои захираи хӯроки дусола имкониятҳо фароҳам оварда шуда, кадбонуи хонадон ҳамасола зиёда аз 400-500 зарф хӯришҳои гуногун ва анвои мухталифи мураббо захира менамояд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ин хонавода ба хотири истифодаи самарабахши қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва дар амал татбиқ намудани даъвати Пешвои миллат ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ изҳори сипос намуда, барояшон телевизор тақдим кард.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон