Субҳи рӯзи 7-уми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ аз раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сокинони сарбаланди ноҳияи Ховалинг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самияти афзун ва руҳияи болида истиқбол гирифанд.

Ноҳияи Ховалинг дорои таърихи бою рангин буда, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти мамлакат рушд намуда, симои ноҳия дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан дигаргун гардидааст.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here