Соҳибкорони вилояти Хатлон ба бунёди фабрика ва фермаҳои парандапарварӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз давраи пешниҳоди имтиёзҳо то имрӯз 8 фабрика ва фермаҳои парандапарварӣ сохтаанд.
Истеҳсоли гӯшти паранда дар фабрика ва фермаҳои парандапарварии мазкур 1224,2 тонна ва тухм бошад, 3 миллиону 877,4 ҳазор дона зиёд гардид.
Дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи парандапарварӣ сол то сол рушд ёфта, дар ин давра афзоиши саршумори паранда дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 28 миллиону 813 ҳазор сарро ташкил медиҳад.