Нимаи дуюми имрӯз, 1 октябр, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барпо гардид.

Дар кори ҷаласа раиси вилояти Хатлон, узви раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва аъзои фаъоли ҲХДТ ширкат варзиданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилоят А. Раҳмонзода бо ёдоварӣ аз маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 27 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барпо гардид, гуфт, ки дар вилоят корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ оғоз ёфтаанд.

— Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 сентябр дар маҷлиси КИМ ҲХДТ таъкид карданд, ки масъалаи афзалиятноки феълӣ барои ҳизб баргузор гардидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар соли оянда мебошад, — зикр намуд раиси вилоят Қ. Ҳакимзода. — Вазифаи ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ он аст, ки барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ омода бошад.

Дар ҷаласа кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин фаъолони ҳизб вазифадор гардиданд, ки дар тамоми равандҳои фаъолияти ҳизбӣ Истиқлолияти давлатиро ҳамчун арзиши муқаддас пос дошта, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бо тамоми масъулият саҳми арзанда гузоранд. Инчунин дастур дода шуд, ки бо мақсади омодагӣ ба маъракаҳои сиёсӣ фаъолияти минбаъдаи худро бо дарназардошти омилҳо, вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони муосир, тамоюлҳои асосии фазои сиёсӣ, проблемаҳои мавҷудаи ҳудуди қитъаҳои интихоботӣ ва талаботи хоси интихобкунандагон мувофиқ сохта, дар ин самт аз роҳу усулҳои нав ва технологияи муосири таблиғотӣ истифода баранд.

Таъкид шуд, ки фаъолону масъулони ҳизб бояд корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат бахшида, бо ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ ва дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” эътимоду боварии халқро нисбати ҲХДТ мустаҳкамтар намоянд.

Ташкилотҳои ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи матлуб, шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шудани интихобот дар ҳудуди вилоят омодагӣ бинанд ва барои устувории мавқеи ҲХДТ талош намоянд.

Дар ҷамъбасти кори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкиди Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуданд, ки дар маҷлиси КИМ ҲХДТ баён намуда буданд: “Ҳамаи мо бояд як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошем: узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад”.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here