Имрӯз, 23-юми июн, ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардида, фаъолияти панҷмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур узви раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Қиёмиддин Миралиён аъзои ҳизб иштирок карданд.
Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода доир ба дастовардҳои ҳизбиён маърӯза карда, аз ҷумла, гуфт, ки 37 фисади аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро сокинони вилояти Хатлон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон 45 фоизи аъзоёни ҳизбро дар вилоят бонувон ташкил медиҳанд, ки тасмим аст, ин шумора ба 50 дарсад расонида шавад.
— Дар давраи ҳисоботӣ кормандони ҳизб дар миёни сокинон беш аз 100 ҳазор вохӯрию суҳбат гузарониданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба панҷмоҳаи соли гузашта бамаротиб зиёд аст, — зикр намуд Қ. Миралиён зимни қирояти маърӯзаи худ. — Зеро баробари паҳншавии бемории сироятии коронавирус барои пешгирии он чораҳои оммафаҳмонӣ ва ба таври ройгон дастарас кардани ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ ба таври хеле густурда гузаронида шуд. Ва ҳамзамон, ба беморону табибони ин вируси нав аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҲХДТ 65 тонна маводи ғизоӣ ироа гардид.
Нақши ҳизбиёну волонтёрон ҳам дар панҷ моҳи соли равон назаррас арзёбӣ мешавад, зеро онҳо бо усули “хона ба хона” миёни сокинон корҳои ҳамарӯзаи ташвиқотиро барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва истифодаи оқилонаи замин ба роҳ мондаанд.
Ҳамзамон, аз замони рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гурӯҳи 300-нафараи ҳизбиён пайваста кумаки хешро ба сокинон барои барқарорсозию бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ расонида истодаанд.
Дар ҷараёни кори ҷаласа аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Қиёмиддин Миралиён ба ҷойи аъзои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо сабаби иваз кардани ҷойи зист ва корашон номзадиҳои нав пешниҳод шуд, ки номзадии онҳо якдилона пазируфта шуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз фаъолияти ҳизбиён бобати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи пурсамар аз ҳар як порча замин изҳори қаноатмандӣ намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки минбаъд низ дар ин самт ва ҳамзамон, роҳандозии корҳои омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ ҳамеша пешқадам бошанд.