Имрӯз, 20 март, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард.
Дар доираи ин сафар, ки ба арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз рост омад, Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Кӯшониён як силсила бинову иншооти маъмурию истеҳсолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст, Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол” дар маросими ифтитоҳи сохтмони сехи равғантозакунӣ ва бандубасти равған ширкат варзиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкор Исмоилзода Шаҳобиддин бо маблағи як миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ дар масоҳати 0,08 гектар замин бунёд гардидааст. Бинои мазкур аз як ошёна иборат буда, бо паҳноии 12 метр ва бо дарозии 36 метр ҷойгир буда, дар дохили иншоот ду ҷойи коргоҳ, 10 адад зарфи бузурги оҳанини коркарди равған, 3 дастгоҳи тайёркунии равған ҷойгир мебошад.
Ҳамчунин дар ҳамшафати бино 1 адад постгоҳ бо паҳноии 2,5 метр ва дарозии 4 метр, инчунин 3 адад сандуқи калонҳаҷм (контейнер) бо андозаи 9 метр ҷойгир аст.
Маврид ба зикр аст, ки сохтмони сехи мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва доир ба дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 10 тонна равған дар як рӯзро ташкил дода, дар ин ҷо наздик ба 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар сехи мазкур таҷҳизоти муосири коркарди равған мувофиқ ба навъҳо ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муқарраршуда насб гардидаанд.
Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба соҳибкори ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба масъулон барору комёбӣ орзу намуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон