Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди
иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2020 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки соли 2020, сарфи назар аз таъсири чашмраси пандемия ба вазъи иқтисодию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон, барои вилояти Хатлон соли пешравиҳо дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ маҳсуб мегардад. Дар ин сол мардуми заҳматқарини Хатлонзамин бо кору фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд. Бо вуҷуди хуруҷи бемории ҳамагир дар ҷаҳон, дар маҷмӯъ, рушди иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 таъмин гардид.
Пасон, ҳисоботи муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода доир ба иҷрои буҷет дар соли 2020, рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар давраи зимистони солҳои 2020-2021, саноат ва энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва алоқа, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҷавонон, кор бо занон ва оила, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иттилоот ва табъу нашр, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, вазъи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шунида шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир ба мушкилоти ҷойдошта дар соҳаҳои саноату сохтмон, ҷамъоварии андозҳо, бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва воридотивазкунанда, таъмини шароити арзанда барои кору зиндагии сокинон сухан гуфта, ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон