22 октябр дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Санкт-Петербург, Қасри Таврический) ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология доир гашт.
Тариқи видеоконференсия дар ин ҷаласа раиси вилояти Хатлон, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд.
Дар ин ҳамоиши онлайнӣ масъалаҳои мубрами марбут ба сиёсати кишоварзӣ дар кишварҳои узви ИДМ, танзими қонунии фаъолияти кишоварзӣ бо мақсади муътадилгардонӣ ва рушди устувори истеҳсолоти агросаноатӣ дар қаламрави кишварҳои аъзо, таъмини амнияти озуқаворӣ ва экологӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, идоракунии партовҳои истеҳсолӣ ва арзёбии таъсири он ба муҳити зист мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аъзои комиссия лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ (моделӣ), аз ҷумла «Дар бораи рушд ва ҳифзи қаламравҳои кӯҳӣ», «Дар бораи рафъи зарари ҷамъшудаи муҳити зист», «Дар бораи системаҳои иттилооти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи табиат ва амнияти экологӣ», «Дар бораи ғалладона», «Дар бораи режими ҳуқуқии қаламравҳое, ки аз олудагии радиоактивӣ зарар дидаанд»-ро муҳокима намуданд.
Дар видео-конференсия дар баробари масъалаҳои рӯзнома вакилон ҳамчунин ҳамкории байнипарлумонӣ ва дигар вижагиҳои пешбурди кор дар сохторҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, ки дар ҷаласаи навбатии комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, ки моҳҳои март-апрели соли 2021 доир мешавад, масъалаи рушди туризми аграрӣ дар кишварҳои узви ИДМ ба баррасӣ гирифта мешавад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон