Имрӯз, 14 март, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳ бо вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо дар машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии қӯшунҳои гарнизони Хатлон ва Минтақаи мудофиаи ҳудудии №2, ки бо ҷалби ҷузъу томҳои махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзеи Фахрободи вилоят барпо гардиданд, иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии амалиётӣ-стратегии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, дар ҳудуди вилояти Хатлон аз 11 то 14 марти соли ҷорӣ машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо қӯшунҳои гарнизони Хатлон ва Минтақаи мудофиаи ҳудудии №2 оғоз гардида, дар чор марҳила гузаронда шуд. Зимнан, санҷиши амалии ҳолатҳои омодабошии қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин ҷамъомади амалиётӣ — сафарбарӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар машқгоҳи «Фахробод» ва машғулиятҳои тирпарронӣ бо ҳайати номбаршуда гузаронида шуд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ дар маросими ҷамъбасти машқҳои муштараки низомӣ таъкид намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ташкилёбии Артиши миллӣ оид ба тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, мутобиқ гардонидани қудрати мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва такмили сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии он ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса зоҳир менамоянд.

Дар ин ҷода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз мушкилиҳои иқтисодию молиявӣ барои сохтмону густариши инфрасохтории ин соҳа, таъмини он бо техника ва лавозимоти ҷангии ба талабот ҷавобгӯ, тайёрии касбии хизматчиёни ҳарбӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ дар ин самт саҳми худро гузошта истодааст.

— Мо барои баланд бардоштани малакаи ҳарбии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта диққати махсус дода, бо ҳайати шахсии Минтақаи Мудофиаи Ҳудудии вилоят ва Ноҳияҳои Мудофиаи Ҳудудӣ як қатор чорабиниҳои заруриро баргузор карда, оид ба омода намудани захираҳои моддии дастнорас чораҳои дахлдор роҳандози намуда истодаем, — қайд карданд Қурбон Ҳакимзода. — Яке аз чорабиниҳои заруратдошта дар ин самт ин густариш додани машқҳои муштарак бо ҷалби қувва ва воситаҳои давлатҳои аъзои сохторҳои байнидавлатии болизикр мебошад ва ман бо истифода аз фурсати муносиб, ба намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии қӯшунҳои гарнизони Хатлон ва Минтақаи Мудофиаи Ҳудудии №2 иштирок намуда, ҳунари волои касбӣ ва ҳамгироии корбарии тактикиро нишон доданд, миннатдории худро баён менамоям.

Дар машқҳои махсуси зиддитеррористӣ бо тирпоронии ҷангӣ, ки бо ҷалби ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Хатлон ва ҷузъу томҳои махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида шуд, зиёда аз 940 нафар генералҳо, афсарон ва сарбозон иштирок намуданд.

Машқҳо бо муваффақият гузаронида шуда, иштирокчиён дар машқҳои амалӣ бо қувваю воситаҳо, бозомӯзии хуби ҳарбӣ, ҳунари волои касбӣ ва ҳамгироии корбарии тактикиро нишон дода, фаъолона иштирок намуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон